БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАЪНУ ШАРАФДОРӢ ВОЛОТАРИН ХУЛҚИ МАРДИСТ

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

ВОКУНИШ. Дарвоқеъ шаъну шарафдорӣ барои ҳар як мард тоҷи сар аст. Мутаассифона, дар ҷомеа на ҳар як мард ин неъмати Худовандро то охир нигоҳ дошта метавонад. Пас аз тамошои филми «Бешарафӣ» Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки аллакай ҳамчун узви ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати ислом маълум гаштааст, дар чеҳраи манфури ӯ боз як шахси қаллобу зараррасон ва бешараф ошкор гашт. Дар филм хислатҳои ин шахси бадтинату бадзот аз забони натанҳо мардуми тоҷик, балки ҳатто аз забони бурунмарзиён низ шунида шуд, ки дигар ҷои исбот надорад. Ӯ дар ҳақиқат дар оилаи душвортарбия ба воя расида, аввало падараш Садриддин боиси ба ин роҳҳои бад рафтани писар гаштааст. Албатта, чунин муҳит ба тарбияи кӯдак ва ҳаёти минбаъдаи ӯ таъсири манфӣ расонида, сабабгор ба он мегардад, ки дар оянда ӯ ба роҳи бад рафта, барои дарёфти пули бедарди миён ба дуздӣ, киссабурӣ, мардумфиребӣ ва корҳои аз доираи ахлоқ берун даст занад. Тавре ки мо огоҳ шудем, М. Садриддин ризқу рӯзии худро бо роҳи мардумфиребӣ, гирифтани қарзҳо аз мардум ва барнагардонидани  онҳо, маблағи муфт ба даст овардан аз кӯмакҳои хайриявии башардӯстона, ки ба мардуми тоҷики муқими кишвари Афғонистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ мефиристоданд,  ёфта, худ аз шаъну шараф, одамгарӣ фаромӯш сохтааст. Нафрин ба ту, эй палиди нобакор! Аз ин дигар магар шармандагӣ зиёд мешавад?! Ба тан либоси занона пӯшидану рақсидан дар назди ҳамчинс ва номуси мардии худро аз даст додан магар ин аз гӯшаи имондорӣ ва шараф аст? Боз аз имону инсоф, аз ислому аз роҳи Худо гап мезанӣ. Шарм дор, пас аз ин шармандагиҳоят дигар ҷойи суханбозиву суханпардозиҳои ту нест!

Акнун мо-халқи тоҷик бояд беш аз ҳарвақта бояд якҷо ва сарҷамъ бошему софдилона меҳнат кунем, дар пайи ободкориву созандагӣ бошем, сарзамини биҳиштосои худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шаъну шарафи ватандорӣ муҳофизат карда, ба ҷавонон муроҷиат менамоем, ки ба доми ин нохалафон наафтида, номбардорони арзандаи диёрамон – Тоҷикистон бошанд.

 Нарматова Нафиса, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg