БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОАНГЕЗИЮ БЕШАРАФӢ ТО БА КУҶО МЕБАРАД?

АНДЕША.  Нафаре, ки  нафси  худро  идора  карда  наметавонад,  нафаре, ки  Худованд кирдорашро  лаънат  гуфтааст, нафаре,  ки  падарро ҷигархун, авлодро бадном ва миллаташро  сияҳном  кардааст,  чи  гуна  боз сар  боло  мекунаду сухан  бобати  мушкилии  ину  он  мезанад? Нафаре, ки 13 фарзандашро  хору  зор намуда,  фикри  фарзанди  дигаронро  мекунад?

Нафаре,  ки хонаву  дари  бешумор,  шароити  хуби  зиндагӣ,  дар  хориҷа умр  ба  сар  мебарад,  аз  кадом  ҳисоб  ин  ҳамаро  ба  даст  овард?

Магар аз  ҳисоби  чашму  абрӯи  зебо  ё  аз  ҳисоби  хуни   фарзандони  тоҷик,  ки  ба  ҳар  роҳу  васила ба  доми худ мекашадашон? Аз  ҳамон  ҳисоб?

Мо  омӯзгорем, мо  тарбиятгарем  ва   бо  зораву  ба меҳр  бояд  фарзандонамонро  фаҳмонем,  ки ба  доми  чунин  шахсиятҳои ифлосу  Худобехабар, бозичаи  сиёсату арӯсони  хоҷагони  хориҷа  ба  монанди Муҳаммадиқбол  наафтанд. Инҳо чун  лошахӯрон  аз  ҷойи  дардмандии  фарзандони  мову  шумо,  ки  дар  муҳоҷиратанд ва  албатта  ғариби  кӯҳи  сангин аст,  ҳазор  мушкилиҳо  дорад  истифода  мебаранд…

Бародарону хоҳарони азиз!

Ин ҳама  мушкилӣ  гузаранда аст, набояд  умри  кӯтоҳе, ки  Худованд  ба мову  шумо  насиб  гардонидааст бо  азоб  ва  ғазабу  нафрин  пушти  сар  созем.Бояд сулҳи ин Ватанро аз  ин нохалафон чун  гавҳараки  чашм  нигоҳ  дорем. Инҳо мисли  ҳамон  бозингарони майдони  бозианд,  ки  дар  сурати  бой  доданашон,  давоми  бозӣ  мехоҳанд,  чун  дидан қувваташон  басанда  нест, макру ҳилларо пеш  мебаранд…

Ҳушёр шавему зиракии сиёсиро аз даст надода, ба чунин беномусон пайравӣ накунем, чунки ин тоифа худпарастони ҷоҳил қадри нангу номусро намедонанду оқибати хуб надорад.

Шамъи каҷ охир бисӯзад пардаи номусро,

Марди беҳиммат чӣ донад қиммати номусро.

Мо  ку  ақл  дорем,  шаҳди заҳри  ин ҷанги мансабпарастиро  хӯрдаем, набояд  фарзандамон  ин даҳшатро  бубинад!

Назокат Қосимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg