БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Экстремизм ва терроризм-падидаи номатлуб дар ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МНДСЭ»-и шаҳр бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Ҳакимова Волида доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Қаҳҳоров Искандар атрофи масъалаи номбурда андешаронӣ карда, зикр намуд, ки имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобил ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Дар идома  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида  оид ба соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки бахши муҳим ба ҳисоб меравад ва барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва рушди нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд изҳори назар кард.

Дар Тоҷикитсон тарзи ҳаёти солим ҳамчун  як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол  равнақу ривоҷ  меёбад. Вай  омили пуриқтидори дароз  гардонидани  умри одамон, кам  кардани ҳар гуна бемориҳо,  инчунин беҳтару мустаҳкамтар гардидани саломати мардум мебошад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg