БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮРИ ХУД, БИНОИ МАРДУМ

Муддаӣ хост, ки аз бех канад решаи мо,

Ғофил аз он ки Худо ҳаст дар андешаи мо.

ВОКУНИШ. Омадан ба ин сарои кӯҳанбунёд навбат аст. Ҳар кас аз ин косаи давр бинӯшад ҷуръае. Ҳар як қадам гузорад ба ин пайраҳа боре. Лек омадани ҳар касеро рангест ва ҳолате. Яке дар зиндагӣ талош намояд танҳо баҳри худ. Бале ба мисли Муқамадиқболи Садриддин, ки чеҳраи воқеияш ҳангоми пахши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат-7” ошкор гардид. Гирифтани пора, қарзҳои бебозгашт, дурӯғу фитна андохтан, аҳд бастан ба номи Худову Расул, китоби Осмониву Иллоҳӣ. Фирефта кардани мардум ба қавли “мӯъмин бародари мӯъмин” ва ба боварии онҳо даромадану гирифтани молу амвол ва маблағҳои  калону бебозгашт.  Ҳол он, ки аз ҷониби Худованд фармуда шудааст, ки фитна андохтан аз куштор бадтар аст ва дурӯғ гуфтану хиёнат кардан ба амволи бародари мӯъмин кори як мусалмони воқеъӣ нест.

Лек кору рафторҳои саркардагону пайравони ҳизби мамнуъгаштаи ТЭТ наҳзати исломӣ, зери ниқоби “Исломи муқаддас”, Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ваҳоказо. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Акнун худ қазоват кунед: чӣ хиёнате бузургтар аз ин аст, ки масири як дини поки осмониро дигар кунӣ ва онро ба манфиатҳои сиёсиву мансабталошонаи худ истифода барӣ? Ҳамин буд, ки Худованди донову ҳаким дасти иноят ба сӯяшон дароз накард ва пирӯзашон насохт.

Танҳо дар як шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Муҳамадиқболи Садриддин, ки ҷойе кору фаъолият надорад, се хонаи замонавии баландошёна бунёд сохтааст. Магар ин ҷаҳолату хиёнат нест, зеро ки аз ҳисоби  маблағҳое, ки солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ барои муҳоҷирони иҷбории тоҷик дар хоки давлати Афғонистон бояд дода мешуд, ба манфиати хеш истифода намуда, чунин қасрҳои боҳашаматро бунёд намуда, дар ҳар гӯшае занеро ба никоҳи худ дароварда, соҳиби фарзандҳои зиёде гардидаанд, ки зану фарзандонашон низ ба мисли худашон на савод доранду на закиянд, онҳо низ пойбанди хурофоту ҷаҳолот рафтаанд.

Бесаводию камсаводӣ, сабақ гирифтан дар пеши муллоҳои чаласаводи бехабар аз дину имон сабаб  гардид, ки дили Муҳамадиқболи Садриддин аз нафрату кина пур гаштаву имрӯз сояи хешро гунаҳкор медонад. Лек гунаҳкори бадбахтию бешарафии ӯ миллати тоҷик, Ҳукумату давлати Тоҷикистон не, балки ҷавоби ин савол пеши худи Муҳамадиқболи бешараф аст, ки фаҳмиданаш намехоҳад.

Ҷаҳон дорем, аммо норизоем,
Вафо хоҳем, аммо бевафоем.
Даво ҷӯему худ кони маризем,
Шигифто, мо чӣ дарди бедавоем!

Оре, бояд инсони мусалмон сухане дошта бошад, ки  дилпазир, ё диле дошта суханпазир бошад, зеро ки омӯхтани суханварӣ аз омӯхтани шамшерзанӣ душвортар аст ва одами нодон монанди нағора аст, ки  овозаш баланд, аммо дарунаш холист ва ҳамин  худхоҳии Муҳамадиқбол аз худпарастӣ аст, зеро ки  инсон то Худопараст нашавад, ба ҷое намерасад.

Дурӯғ мисли барф аст, ки  ҳар чи қадар онро биғелонӣ, ҳамон андоза бузургтар мешавад.

Иштирок накардани Муҳиддин Кабирӣ дар ҷанозаи модар ва Муҳамадиқболи Садриддин дар ташри ҷанозаи падар гувоҳи бешарафию беимонӣ ва аз падару модар боло будани молу сарват аст, ки ин ду бадбахт дар он чоҳ ғута задаанд. Зеро ки ҳукми падару модар баъди ҳукми Парвардигори якто меистад ва ризои падару модар дар ризогии Худо гуфтаанд. Марҳамат худ ба “исломиҳо” ва ё “исломнамоиҳо” –и наҳзатиҳои бадбахт баҳогузорӣ намоеду хулосабарорӣ кунед.

Мутмаъинам, ки баъди пахши ин навори нангин Муҳамадиқболи Садриддин агар заррае ғурури тоҷикона ва шарафи мардона дошта бошад, сухан нагӯяд, зеро ки;

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,

Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.

Муқаддас дошт ҳар кас, ки шарафро,

Набинад ҷабри зулми нохалафро.

Абдуллозода Саёҳат,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg