БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИ 2020 БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати кишоварзӣ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз маҷлиси ҷамъбастии солона оид ба натиҷаи  фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 ва дигар масъалаҳои  ҷорӣ доир гардид. 

Зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳозирин дар соли сипаришуда ҳисобот дода, афзуд, ки соли 2020 барои мо ҳизбиён соли дастовардҳо буд. Аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии ҳизбӣ иштироки фаъолона дошта, дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳми назаррас гузоштаанд.

Сипас, бо баррасии масъалаҳои болозикр ҳисоботи раиси ташкилот қаноатбахш ҳисобида шуда,  нақшаи корӣ барои соли нав тасдиқ карда шуд.

Дар навбати худ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Як рӯзи ёдоварӣ” андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда, саҳм гузоштан дар рушду ободии Ватан  раҳнамоӣ карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg