БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо шукрона мекунем, ки ба чунин рӯзгори ободу осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи иҷтимоӣ” бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ Ғуломов Асомуддин оид ба суханронии Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан Мирзоев Исуф дар назди ҷамъомомадагон  атрофи масъалаҳои зикргардида андешаронӣ намуда,  иброз доштанд, ки мақсади баргузории вохӯрӣ  бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят ва қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои  номатлуби  худкушӣ  ва сӯиқасд ба ҷони худ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои  сироятӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  дар хона ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мебошад.

Иштирокдорон суханрониҳои судманди шахсони масъулро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, афзуданд, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон  баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  талош меварзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg