БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» - и ноҳияи Кӯшониён  фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020, дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ва  вазифаҳои минбаъда ба соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид изҳор кард, ки баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои фарҳангӣ дар вазъи ҷаҳони муосир, ки ҳамарӯза ба фарҳанги миллӣ аз ҷониби ҳаракатҳои ифротӣ хатарҳои нав ба нав таҳдид доранд, вазифаи аввалиндараҷаи аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он аст, китобхонаҳо, ки равшангари пайроҳаи ҷавонон ба олами маънавӣ ҳастанд, бояд бо мутахассисони варзидаву кордон, дилсӯзу ватанпараст таъмин ва таблиғи фарҳанги волои миллӣ фарогири аҳли ҷомеа гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg