БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН БЕНАЗИР АСТ

АНДЕША. Нахуст, изҳор доштаниам, ки беному  нишон  гаштан ва аз арсаи ҷаҳонӣ ба нестӣ рафтани миллати тоҷикро дар тӯли ҳазорсолаи мавҷудияташ борҳо таҳдидҳо гардидааст. Дар ин росто таърих  гувоҳ  аст, ки бар асари  истило ва ё ҳуҷумҳои пай дар пайи аҷнабиён ва зӯран ба сари халқи тоҷик бор кардани фаҳанги бегона тақдири ҳастии давлат, миллат, забон ва фарҳанги чандинҳазорсолаи  мо дар  хатари  нестшавӣ  қарор дошт.

Дар солҳои навадуми асри гузашта чунин шароит ба миён омад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун давлати мустақил эълон намояд. Лекин чунин шароит дар сатҳи дуруст истифода нашуд ва бо дахолати гурӯҳҳои манфиатталаб дар он замон боис бар он гардид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сар занад. Аслан неруҳои манфитхоҳ барои ризоияти ҳамагонии умумихалқӣ ва ваҳдати миллӣ талоши зарурӣ надоштанд. Мақсадашон парокандагии миллати тоҷик ва аз байн бурдани ҳукумати Конститусионӣ ба ҳисоб мерафт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда санаи 9 сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ва давлатии кишвари  азизамон  расман  эълон  шуд. Ин яке аз дастовардҳои бузург ва деринтизори халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав  фароҳам гардид.  Аммо баробар бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат хуб набуд. Чунки ҳам мухолифини сиёсӣ ва ҳам неруҳои дигари ҳизбиву манфитхоҳ амиқ дарк карда натавонистанд, ки ҳадафи истиқлолияту ваҳдат бештару волотар аз ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ буда, барои тамоми  сокинони кишвар арзиши муқаддас ва гаронбаҳо мебошад. Ва маҳз дар ҳолати ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ метавон воқеан, давлати пуриқтидор ва рушдкарда таъсис дод.

Дар робита ба ин бисёри коршиносони соҳаи сиёсат ва ҷомеашиносӣ оид ба масъалаи дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ба сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуданро ҳамчун як давлати мустақили миллӣ, ки  басо мушкил буд, дар ҳайрат буданд ва мегуфтанд миллате, ки дар чунин вазьияти ногувор қарор дорад ба дастоварди бузург, яъне истиқлолияту ваҳдати миллӣ ноил шуда метавонад.

Вазъияте, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, ниёз ба як Пешвои  бохираду  миллатдӯст дошт, ки чунин мамлакати дар оғуштаи хун қарордоштаро аз вартаи ҳалокат бираҳонад. Бахт ба рӯи миллати тоҷик хандиду дар он замон ва дар вақти дар аланга будани ҷангу ҷидол ва бетартибиҳои зиёд фарзанди фарзонаи  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба сари ҳокимият омад. Дар таърихи миллат, ки аз санаи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ш. Хуҷанд, дар қасри “Арбоб” Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд. Дар иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони дар он вақт ҳузурдошта ба вазифаи  Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, барномаи муккамал ва мушаххаси сиёсии худ зимоми давлатдориро ба даст гирифту ба дили мардуми парешону сарсон донаи умед корид. Ва ҳамчун Раиси тозаинтихоби  Шӯрои Олӣ чунин изҳор доштанд, ки: “Баҳри  истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани  ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”. Пешвои миллат тоҷикон фаъолиятро аз чунин сухани наҷотбахш сар кард ва ба ҳар як суханаш амал кард. То дараҷае, ки  аз гуфтаҳояш зиёд талош менамуд, то халқ ва миллаташро аз чунин шароити вазнину ноустувор раҳо созад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмдори бохирад ҳанӯз дар давраи аввали фаъолият воқеияти ба миён омадаро хуб дарк карда буд, ки барои хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат, баргардонидани  гурезагон  ба  сарзамини хеш, барқарор намудани ҳазорҳо хонаҳо, пешгирии пастшавии иқтисодиёт, ҷалб намудани  сармояи  хориҷӣ  ва  рушди  Тоҷикистон  сарҷамъ намудани халқ муҳимтар аз ҳама мебошад.  Воқеан, роҳҳое, ки Пешвои миллатамон барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ боз намуд, ҳамчун як мактаб ва як фазои тозаи сиёсӣ абадан дар таърихи халқи тоҷик сабт гардид. Чунин як сиёсати дуруст ва оқилонаю мантиқӣ дар шароити  имрӯзаи  халқи тоҷик  аз дуриҳои дури таьрих ва дурахши ҷомеаи навин шаҳодат медиҳад.

Бо ҷаҳду талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати дар курароҳи зиндагӣ роҳгумзадаро ба ҳам биёрад. Ва бо чунин амалҳои хирадмандона ва азхудгузариҳо метавон гуфт, дар ҳақиқат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои наҷотбахши миллат мебошад.

Дар баробари ин Пешвои миллат ҳар куҷое, ки қадам мегузоранд онҷо ба гулистон табдил меёбад.

Хусусан, ду сол пайи ҳам (2019-2020) ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд, ки бо қадамҳои муборакашон шаҳри Кӯлоб қабои дигар ба бар намуд. Даҳҳо иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин, боғҳои зебову замонавӣ, ки модарон фарзандони хешро баъди кор ба тамошои чунин маконҳои сайёҳатӣ мебарем. Ва ин албатта ҷиҳати дар рӯҳияи зебоипарастӣ тарбия ёфтани фарзандонамон таъсири мусбии худро мерасонад. Дигар ин ки имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои афсонавӣ табдил ёфтааст. Айни замон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд аз ин дида боз зеботару шукуфонтар мешавад.

Муҳимтар аз ҳама мардуми Тоҷикистон дар фазои амну субот ва ваҳдату ягонагӣ ҳам зиндагӣ доранду ҳам кору пайкор. Ин ҳама музаффариятҳо бевосита дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Дар ин маврид пеш аз ҳама ҳар яки моро мебояд ба қадри ин неъматҳо бирасему онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намоем.

Шарифзода Гулрухсор,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg