БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Урфу одати гузаштаи хешро аз таъсироти манфии замони муосир эмин нигоҳ медорем

ДӮСТӢ.  Тибқи нақшаи пешбининамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин зимни вохӯрӣ бо нафарони дар суҳбат ҳузурдошта, оид ба фарҳанги либоспӯшӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегонаро ба занонону бонувон фаҳмонида доданд.

Иштирокчиён қайд карданд, ки моро зарур аст, ки бо доштани истиқлолияту Пешвои хирадманди худ ифтихор намуда, барои арҷ гузоштану ҳифозат аз ин неъматҳои худодода ҷиддан омода бошему фарҳанг ва урфу одати гузаштаи хешро аз таъсироти манфии замони муосир эмин нигоҳ дорем.

Занону бонувони дар вохӯрӣ ширкатдошта, суханони масълинро хуб дарк намуда, илова ба суханони онҳо қайд карданд, ки мо баҳри ин миллату давлат ва дар арасаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани фарҳанги ниёгони хеш ҳамеша саъю талош хоҳем кард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg