БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САҲМ ГУЗОШТАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз  дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъмат, намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир гардид.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шарофзода Ҳомид ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва  Холбойзода Неъмат доир ба масъалаҳои 

сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвориҳои табиӣ, муқовимат бо пандемияи коронавирус,

татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!», аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, сохтмони марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси Кумитаи маҳалла, азнавсозии иншооти гигиенӣ ва ғайраҳо суҳбат карда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои бе мушкилот паси сар кардани фасли зимистони сарди дарпешистода дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон, ки барои манфиати ҳар як шаҳрванди худогоҳу бедордил мебошад,  дар амал татбиқ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg