БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2021 БОЯД СОЛИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГИҲО БОШАД

(Табрикоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ - Миралиён Қиёмиддин Адусалимзода ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ – 2021)

Ҳамватанони азиз!

     Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати омад-омади соли нави мелодӣ – 2021 табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату умри дароз ва дар фаъолияти ҷамъиятиву шахсиатон пирӯзию музаффариятҳо ва дар хонадонатон тинҷию амонӣ ва фаровонии дастурхонро таманно дорем.

    Инак, боз як соли пур аз бурду бохтҳо, пур аз ташвишу талошҳо, пур аз шодию ғамҳо сипарӣ мегардад. Соли гузашта бо вуҷуди хуруҷи пандемияи коронавирус – (COVID-19) дар тамоми олам барои ҳизбиён соли фаромӯшнопазир буд, чунки дар ин сол шаҳрвандони мамлакат бобати пешрафту иртиқои муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

     Соли гузашта, махсусан барои аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ соли пирӯзию бобарор ба ҳисоб мерафт, зеро маҳз дар соли сипаригардида воқеаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи парламентӣ дар мамлакат ба амал пайваст, ки дар натиҷа Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаддадан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин барои мо – ҳизбиён ва сокинони мамлакат мояи ифтихор ба ҳисоб меравад.

    Падидаи дигари хурсандиовар дар соли сипаригардида ин буд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Восеъ ва Ш. Шоҳин биноҳои маъмурии замонавӣ ба истифода дода шуд ва дар ҳудуди вилоят қисми муайяни ташкилотҳои ибтидоӣ - кумитаҳои маҳаллаву деҳот низ соҳиби дафтари корӣ гардиданд.

   Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки дар соли гузашта дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизбиёни вилояти Хатлон ба беш аз 10 ташаббусҳои тоза ва навовариҳои низомсоз ноил гардида, иқтидори иқтисодию кадрӣ ва амалию ташкилии ҳизб таҳким ёфта, рӯз то рӯз рӯ ба афзуншавӣ ниҳодааст.

     Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар миёни дигар аҳзоби сиёсии кишвар бо муваффақияту дастовардҳои хеш наболида, балки барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав камари ҳимматамонро боз ҳам сахттар бандем. Барои аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли нави мелодӣ корҳои зиёди анҷомнадода, нақшаву ҳадафҳои зиёди сиёсии ҳанӯз амалинашуда дар пешанд.

    Ҳамчунин, моро лозим аст, ки дар таҳким ва рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат ҳамеша саҳмгузор ва дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ мудом дар талош бошем ва ҳамчунин моро воҷиб аст, ки манфиати ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, дар пешрафту гулгулшукуфии мамлакат намунаи ибрати дигарон гардем.

     Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, мамлакатамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ободу зеботар гардида истодааст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки чунин корҳои бунёдкориву созандагӣ дар соли омадаистода низ идома хоҳанд кард. Миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии ин абармарди бузурги сиёсӣ боз ҳам ба муваффақияту музаффариятҳои нав ба нав ноил хоҳад гардид.

     Аз ҳамин лиҳоз, соли нави 2021 бояд дар пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар як аъзои ҳизб соли талошу ҷадалҳо, пирӯзиву музаффариятҳо, барору комёбиҳо, дастоварду ташаббускориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо бошад. Кӯшишу талошҳои мо бояд ба хотири ободию сарсабзӣ, тараққию созандагӣ, зиндагии шоиста барои сокинони кишвар равона гардад.

     Ҳамдиёрони азиз, бори дигар шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ – 2021 табрику шодбош гуфта, таманно дорем, ки гулҳои умедҳоятон ҳамеша шукуфон, дилҳоятон пур аз суруру шодӣ бошаду мақсаду мароматон дар соли нав ҳамеша ҷомаи амал пӯшанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg