БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ БА ЗИНДАГӢ ФАЙЗУ БАРАКАТ МЕОРАД

КӮШОНИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15 декабри соли равон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон ироа гардид, ҳамарӯза корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ ва волонтёрони ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия миёни сокинон бо усули “хона ба хона”  ва суҳбатҳои сарироҳӣ  рафта истодааст.

Чунин як вохӯрии мақсаднок дар кӯчаи ба номи Мирзо  Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ  моҳияти  Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро  шарҳу тавзеҳ дода, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар ин давраи  сарди фасли зимистон дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд, ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, дар таъмини истиқлолияти  энергетикӣ ва ғанӣ гаштани буҷаи оилаи худ саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg