БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ, КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР…

КӮШОНИЁН. Дар идомаи сафари кории худ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Вализода Икромиддин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  дастуру ҳидоятҳои  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати аёдати эҳтиёҷмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар арафаи иду ҷашнҳо ба аёдати сокинони Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа Каримов Шамсулло ва Сангинов Мурод, ки маъюбу бемор ҳастанд, рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии онҳо пурсон шуда, дар арафаи Соли нави мелодӣ ба оилаи онҳо анвои шириниҳо ва маводи ғизоӣ кумак расониданд. Каримов Шамсулло ва Сангинов Мурод, ки солиёни зиёд дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат кашидаанд ва имрӯз бо амри тақдикр маъюбу беморанд, барои дастгириву ғамхориҳои пайваста ва аёдат гардиданашон, изҳори миннатдории худро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва фаъолони ҳизб баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg