БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРУИ БАРҚ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҳамзамон оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавируси (COVID -19) дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаҳои КАТС» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ба нафароне, ки бори аввал ба сафи аъзои ҳизб шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда, оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, инчунин оид ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус ва истифодаи дурусти ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg