БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБ НАБОШ, ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ НАМО!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” миёни  сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷ доир намуданд.

Сокинон зимни суҳбат аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия таъкид гардиданд, ки аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд ва инчунин, Соли нави мелодиро дар доираи оила ҷашн гиранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бошад, ба сокинон баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои тиббӣ дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg