БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО БО КАФИ ДАСТОН ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободӣ ва зебогардонидани як гӯшаи диёр дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Литсейи касбӣ-техникии”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” корҳои  ободонӣ  гузаронида шуд.

Ҳамзамон, иштирокдорони корҳои ободонӣ бехҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва заминҳои назди ташкилотро нарм намуда, гирду атроф ва ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза карданд.

Зимнан онҳо иброз доштанд, ки барои ободу зебо гардонидани маҳали худ ва саҳм гузоштан дар тозагии як гӯшаи диёрамон пайваста чунин корҳои ободониро ба роҳ мемонем ва лозим бошад бо кафи дастонамон Ватани азизамонро обод хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg