БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРУИ БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДА, ЗИНДАГИИ ШОИСТАРО БА ХУД ТАЪМИН МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи “Файзобод”-и Ҷамоати деҳоти Гулистон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли равон гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли равон ҳисобот дода, қайд кард, ки  минбаъд низ ташкилоти ибтидоӣ  дар асоси  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ,  аз ҷумла тарғибу ташвиқи ғояҳои Барномавии ҲХДТ фаъолият хоҳад намуд. Сипас, дар навбати худ намояндагони Кумитаи иҷроия  муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум гази моеъ ва кам кардани талафоти неруи барқро ба дарки ҳамагон расониданд.

Дар охири маҷлис ба иштирокдорон Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg