БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН САРФАКОРИ БАРҚ»

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни вилоятиро таҳти унвони «Беҳтарин сарфакори барқ» ташкил намудааст, ки дар он сокинони вилоят метавонанд фаъолона иштирок намуда, дар самаранок истифодабарии қувваи барқ саҳми худро гузоранд.  

      Шартҳои озмуни мазкур содда ва дастрас мебошад.  Иштирокчии озмунро зарур аст, ки

  1. Расид (квитансия)-и пардоҳти истифодаи қувваи барқро барои моҳҳои декабри соли 2020,  январ ва феврали соли 2021 аксбардорӣ карда, ба пайванди зерин https://www.facebook.com/groups/ozmun ҷойгир намояд, ё ин ки онро нусхабардорӣ карда, ба суроғаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия/шаҳр дастрас намояд.
  2. Барои иҷрои шарти якум зарур аст, ки маблағи истифодаи қувваи барқ барои ҳар моҳ саривақт (ҳар аввали моҳи оянда) супорида шавад; ҳамагӣ се расид (квитансия) лозим мегардад.
  3. Зимнан барои озмуни вилоятӣ нусхаи расидҳои дахлдор (ғолибони даври аввал) пешниҳод карда мешаванд. 

          Озмуни мазкур иборат аз ду номинатсияҳои зерин ташкил ва амалӣ мегардад:

  1. Беҳтарин оилаи сарфакори барқ
  2. Беҳтарин ташкилоти сарфакори барқ

          Озмун дар ду зина аз поён ба боло : ноҳиявӣ/шаҳрӣ ва вилоятӣ баргузор мегардад.

  1. Зинаи ноҳиявӣ/шаҳрӣ:
  • Дар сатҳи ноҳия/шаҳр озмун дар байни соқинон (оилаҳо) ва  ташкилотҳои ибтидоӣ (муассисаҳо) гузаронида мешавад.
  • Аз ин ҳисоб 10 оилаи беҳтарин ва 5 ташкилоти беҳтарин аз рӯи  шартҳои озмун интихоб гардида, бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ қадрдонӣ мегарданд.
  • Се ҷойҳои аввал бар ҳар ду номинатсия бо туҳфаҳои арзишманд ва ҷойҳои дигар бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ қарда мешаванд.   

  Туҳфаҳо дар зинаи ноҳиявӣ/шаҳрӣ:

  • Барои ҷойи якум – телевизор
  • Барои ҷойи дуюм – яхдон
  • Барои ҷойи сеюм – чангкашак

Ҳамчунин, мумкин аст, ки маблағи ҳамин туҳфаҳо баробар ба арзиши муайяншуда ба ғолибон тақдим карда шаванд.

  1. Зинаи вилоятӣ:
  • Дар сатҳи вилоят озмун аз рӯи ҳар ду номинатсия дар байни шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад. 
  • Аз ҳар як шаҳру ноҳияҳо 3 оилаи беҳтарин ва 3 ташкилоти беҳтарин аз рӯи шартҳои озмун интихоб гардида, барои озмуни вилоятӣ пешниҳод мегарданд.
  • Се ҷойҳои аввал барои ҳар ду номинатсия бо туҳфаҳои арзишманд ва ҷойҳои дигар бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Туҳфаҳо:

  • Барои ҷойи якум – компютер
  • Барои ҷойи дуюм – телевизор
  • Барои ҷойи сеюм – яхдон

Ҳамчунин, мумкин аст, ки маблағи ҳамин туҳфаҳо баробар ба арзиши муайяншуда ба ғолибон тақдим карда шаванд.

Муҳлат ё давомнокии озмун

Озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ» дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи корӣ 15.12.2020 дар самти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва баланд бардоштани маданияти истифодаи самараноки барқ дар байни аҳолӣ дар давоми аз 15 декабри соли 2020 то 15 марти соли 2021 амалӣ (эълон) мегардад. Даври ноҳиявии озмун 18-20 марти соли 2021 дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ш. Бохтар ҷамъбаст мегардад.

Ба Шумо барору муваффақият хоҳонем, иштирокчиёни азиз!

Маъмурияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg