БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

А.ҶОМӢ. Мутобиқи  нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроия таҳти роҳбарии Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо ҷалби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдухолиқ Мӯсоев, аъзои намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, шарҳу тавзеҳи Муроҷиатномаи ширкати “Барқи  тоҷик”, инчунин пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ва муқоисакунии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо фаъолони ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд.

Дар охир ҳамагон ба хотири амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” дар саҳни бинои нашрияи ноҳиявии “Баҳористон”, китобхонаи марказӣ ва муассисаи мусиқии ноҳия ниҳолҳои ҳамешасабзи арча ва гулҳои ороишӣ шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg