БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС АСТ, ОМӮЗГОР ШАХСИ МУЪТАБАР

Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади саҳм гузоштан дар рушду ободии кишвар бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла фароҳам овардани шароити хуби таҳсил барои хонандагону омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонию созандагиро доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ҳаматарафа ба роҳ монда, бо ҷалби соҳибкорон, падару модарон таъмиру тармими  муассисаҳои  таълимии  ноҳия  бо маром идома доранд.   

Ин навбат вобаста ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  навбатии хеш ба сокинон ироа карда буданд, аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сангоба»-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз тасмим гирифтанд, ки фарши ду синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10- ро ба маблағи 10 ҳазор  сомонӣ таъмиру азнавсозӣ намоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg