БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРУИ БАРҚРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД!

Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади тарғиби Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолон ва собиқадорони ҳизб таъсис дода, бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ бо усули  «хона ба хона» миёни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза идома дода истодаанд.        

Бо ин мақсад дирӯз гурӯҳҳои кории назди Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии  маҳаллаи “Давлатобод”-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи  барқ, истифодаи  лампаҳои  каммасраф, бештар  истифода  намудани  намуди сӯзишвориҳои табиӣ, аз  ҷумла ҳезум, ангишт, гази моеъ ҳангоми пухтани хӯрок ва гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ вобаста ба беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода суҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом дода, ба он маводҳои таблиғотиро дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg