БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ХУРОСОН. Дирӯз  дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ   барои истифодаи самараноки қувваи барқ, пешгирии бемории коронавирус ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Барқ”, “ДЭУ-64” ва “Таъминоти  нафақа” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон  корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуд.

Дар  рафти суҳбатхо ба иштирокдорон  мафҳуми  Муроҷиатномаҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба истифодаи самараноки қувваи барқ, истифодаи воситаҳои гармидиҳии табиӣ фаҳмонида шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки  дар истифодаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, пешгирии  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус дар фасли зимимстон бо истифда аз талаботи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд нишон дода, дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ғанӣ гаштани буҷаи оилаи худ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд. Сипас, муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизб роҳандозӣ гардида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъули ҳизбӣ супоришҳои қатъӣ гирифтанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg