БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати 3 оилаи ниёзманди ҷомеа рафта, ба онҳо кумакҳои моддии яквақтаинаи ғизоӣ расониданд. Дар ин ташаббус Ҳакимҷон Ишмуродов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, Маҳмадалӣ Акрамов, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмасаид Абдулҳаев иштирок доштанд. Аъзои ин оилаҳо аз ин иқдоми наҷиби ҳизбиён рӯҳбаланд гардида, ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ баён карданд. Чунин ташаббусу иқдомҳои неку созандаи ҳизбиён бо ҷалби фаъолони ҳизб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg