БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ – ОМИЛИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ТЕМУРМАЛИК. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №9” - и Ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  аз машварати корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар доир карда шуд, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бармеояд, мулоқоти судманд  доир намуданд.

Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд кард, ки мақсад аз самаранок ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда,  вазифаи мо шаҳрвандон риояи талаботи  дастуру супоришҳо мебошад. Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID – 19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg