БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунармандӣ боиси баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мегардад

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо намояндагони ҷамоати деҳоти Зафар аз сехи дӯзандагии муассисаи таҳислоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Чоргул дидан намуданд.

Дар сехи мазкур 15 нафар бонувони болаёқати деҳаи Чоргул ба кор машғул буда, дар асоси дархости муассисаҳои таълимӣ то соли хониши нав барои хонандагон либосӣ ягонаи мактабӣ медӯзанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи таълимии мазкур ба ғайр аз сехи дӯзандагӣ, ҳамчунин, сехҳои қаннодӣ ва дуредгарӣ низ фаъолият менамоянд. Дар инҷо ҳамзамон, ба хонандагон ва сокинони деҳа нозукиҳои касбӣ дӯзандагӣ, ошпазию қаннодӣ ва дуредгарӣ омӯзонда мешавад.

Пас аз шиносоӣ масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони сехи мазкур мулоқот доир намуда, дар он  суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg