БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРУИ БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, дар ташкилоти ибтидоии “Қарақамиш”-и Ҷамоати деҳоти Қарақамиш кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ, аз 15 декабри соли ҷорӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар доир карда шуд, ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” ро риоя намудан бармеояд,  вохӯрӣ намуданд.

Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд намуд, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо оқилона  истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он аст.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID - 19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg