БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ - РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулдастон” - и Ҷамоати шаҳраки Совет бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз машварати корӣ, ки 15 декабри соли ҷорӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, риояи Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” бармеояд, инчунин пешгирӣ аз хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии (COVID-19), истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ва муқоисакунӣ миёни аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  вохӯрӣ доир намуданд.

Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид қайд кард, ки самаранок ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оиди пешгирии бемории сироятии (COVID - 19)  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg