БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕНИҚОБ НАБОШ, САЛОМАТИИ ХУДРО НИГОҲ ДОР!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кормандони масъули Кумитаи иыроияи  ҲХДТ дар ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб набош!” гузаронида шуд.

Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ масъулин ба аҳоли зиёда аз 300 адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуда, аз мардум даъват ба амал оварданд, ки нисбати саломатии худ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд ва вақти ба кӯча баромадан ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд, то хатари паҳншавии беморӣ кам гардад.Инчунин, дар ин раванд вобаста  моҳияти Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” андешаронӣӣ карда, сокинон барои сарфаҷӯёна истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg