БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРӮИ БАРҚ - РӮШНОИИ ҲАР ХОНАДОН

ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати оқилона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳоро миёни сокинон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат  гузарониданд.

Дар рафти мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати мамлакат  дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи  барқ ва ниҳоят барои расидан ба ҳадафи стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ кам нестанд. Ҷавобан аз ҷониби аҳолӣ риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ва оқилона истифодабарии нерӯи барқ ин нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад ва  имкон медиҳад, ки мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ муваффақ гардем. Зеро сарфакорӣ худ аз оила оғоз меёбад.

Ҳамзамон, масъулин оид ба пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) суҳбат карда,  ба сокинон варақаҳои тарғиботиро  тақсим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg