БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро сокинон дастгирӣ менамоянд

ТЕМУРМАЛИК. Дар деҳаи Иқболи ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик бо сокинон  вохӯрӣ баргузор гардид, ки  дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 ва қабули аъзои нави ҲХДТ буд.  

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ кард.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳа Нодиров Кароматулло ва Холназарова Ҷумъагул андешаҳои худро роҷеъ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат баён намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият карда, дар ободиву боз ҳам пешрафтаву шукуфоии Ватан саҳми  арзанда мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg