БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАТБИҚИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА БОМАСЪУЛИЯТ БОШ!

КӮШОНИЁН. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён имрӯзҳо ҷиҳати сарфаву сариштакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ, пешгирӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, фаҳмонидани оқибатҳои мусибатовари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва муаррифии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия бо шаҳрвандон  вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Яке аз чунин вохӯриҳо дирӯз дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён доир шуд, ки масъулин оид ба  мавзӯъҳои дар болозикршуда суханронӣ карда, сокинонро ба амалҳои неку созанда, аз ҷумла татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳм  гузоштан дар рушду тараққиёти Ватан,  кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg