
КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати ташвиқу тарғиби муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” бо сокинони деҳаи ба номи Авзалии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.
Масъулин ба сокинон мазмун ва муҳтавои Муроҷиатномаи мазкурро фаҳмонида, таъкид карданд, дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор ва масълулиятнок бошанд ва маблағи истифодаи онро сари вақт пардохт намоянд.