БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА СОКИНОН

КӮЛОБ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии  “Лоҳутӣ”  аз ҷониби аъзои Ситоди гурӯҳи корӣ, бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар вохӯрӣ доир карда шуд.

Нахуст, бо усули “хона ба хона” наздики 180 хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон корҳои тарғиботӣ бурда шуда, ба саъми онҳо моҳияти Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри раиси вилояти Хатлон, муроҷиатномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” расонида шуда, сокинон  таъкид карда  шуданд, ки неруи барқро сарфаву сариштакорона ва мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоянд.

Ҳамзамон, доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони шахсӣ, шинонидани картошка дар заминҳои бекорхобида,  шинонидани гулҳои рангорангу хушбӯй, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ дар назди ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдо мутобиқ ба шарту шароит, додани тавсияҳо оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, омода кардани фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман!” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Чунин корҳои тарғиботиро минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки дастаҷамъона роҳандозӣ намуда, мардумро барои анҷоми корҳои неку созанда роҳнамоӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg