БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ - ҲАДАФИ АСЛИИ МО

НОРАК. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Ғуриева Муслима дар ягҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи корӣ дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маҳаллаи Лангарӣ- минтақаи манзилии №2 оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ дар ҳар як оила ва сари вақт пардохти маблағи он вохӯрӣ баргузор карданд.

Ғуриева Муслима зимни суҳбат ба сокинон  оид ба сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ дар ҳар як оила ва  тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи  маводи озуқа, тозагию ободонии манзили зист андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки чи қадар агар мо дар истифодаи неруи барқ масъулият зоҳир намоем, ҳамон қадар  мо фасли зимистонро бе ягон мамоният  пушти сар ҳохем кард. Иштирокдорон  суханрониҳои намояндагони ҳизбиро якдилона дастгирӣ карда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки  дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg