
КӮШОНИЁН. Бо иштироки гурӯҳи тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи ба номи Куган Гулови Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол вохӯрӣ доир шуд.
Дар вохӯрии мазкур масъулин ба сокинон оид ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар рушду нумуи кишвар, сарфаю сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои дар ихтиёрдошта, пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуданд. Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи кормандони ҳизбӣ оид ба масъалаҳои дар болозикршуда бо усули “хона ба хона” низ дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ идома дошта, сокинон аз муҳтавои Муроҷиатномаҳо бархурдор гардида истодаанд.