
ҶАЙҲУН. Дирӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони масъули Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар деҳаи ба номи Сайдалӣ Вализода вохӯри бо усули “хона ба хона” доир намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ба сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, роҳ надодан ба талафоти зиёди барқ суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Барқи Тоҷик"-ро дастрас карданд.