
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии “КАТС”-и ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолони соҳаи тандурустӣ вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолият ва Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯӣ барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо иштироки раиси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Ҳуснигул хониши сиёсӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ Одиназода Ҳуснигул вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду тараққиёти Ватан, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб таҳти роҳбарии Пешвои миллат ва Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи- Тоҷик” оид ба оқилона истифода бурдани нерӯи барй ва пардохти саривақтии маблағи он, пешгирии аҳолӣ аз бемориҳои сироятии зуком ва коронавирус мулоҳизаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва ғояҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.