БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бадхоҳони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд

КӮЛОБ. Бо мақсади ба сокинон расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли 2018 бо дастури раиси вилояти Хатлон гурӯҳҳои кории таблиғотии муштарак таъсис дода шуда, ҳайати гурӯҳ дар доираи он бо сокинон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.
Мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшуда, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён оид ба нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Шарифзода Маҳмадӣ, дотсент, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Худоёров Раҷабалӣ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул,  ховаршинос Зафар Мирзоён, ҷонишини ректори ДДК Саидаҳмадова Дилором  ва директори Мактаби Президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар  иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ қайд гардид, ки Пешвои миллат дар суханронии худ санаи 12.05.2018 вобаста ба вазъияти мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва вусъат ёфтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ба монанди терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, дар ин росто моро ҳушдор намуданд, ки ба муқобили ҳамагуна дасисаҳои бадхоҳони халқи тоҷик истодагарӣ карда, ҷавобҳои дандоншикан диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg