БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - тарғибгари арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар

ПАНҶ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мордум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои бунёдкоронаи ҳизб ва татбиқи «Соли тақвияти робита бо маҳал» бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо дар асоси нақша-чорабиниҳо  баргузор намуда истодаанд. Ин навбат  шахсони муттасадӣ дар деҳаи Саройкамари  ҷамоати деҳоти Намуна вохӯрӣ гузаронида, дар назди сокинон оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Тарғиби Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ манфиатовар аст. Ин иқдом аҳолиро ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманд менамояд, зикр намуд  дар баромадаш мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебинисо.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттолоот ва матбуот Шомаҳмадзода Музаффар дар бораи  хатарҳои  ҷаҳони муосир ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои нангин ва ҳатарноки ҷомеа ба ҳисоб меравад, ва ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекунад ҳарф зада, даъват таъкид кард, ки  мубориза  алайҳи ин омили  хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти марбута буда, балки вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне мо сокинони маҳал мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg