БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID – 19, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Ҷалолиддини Румӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои зимистонгузаронӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи амалҳои созанда ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg