БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - НЕРӮИ СОЛИМИ СИЁСӢ ДАР РАВАНДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

КӮШОНИЁН. Бо ҷавондухтарони муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии №5-и ноҳияи Кӯшониён кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор карданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки тавре мо медонем, баъди ташкилёбии ҲХДТ баъзе ҳизбҳои сиёсие, дар Тоҷикистон таъсис ёфтанд, ки кӯшиши асосиашон таҳмил намудани идеологияи беруна ба сари давлату ҷомеаи кишвар буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи таъсиси ҳизберо роҳандозӣ намуданд, ки идеология ва кору пайкори он ба манфиати халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона гашта бошад.        

Ҳамин тавр 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии ҲХТ қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард ва 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии  Тоҷикистонро номнавис намуд. ҲХТ бо идеологияи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ як ҳизби куллан нав ва ҳамзамон миллӣ буд. Ғояи аслии ин ҳизб низ дар он буд, ки тамоми шаҳрвандон  барои таҳкими давлатдории миллии хеш кӯшиш намоянд ва қувваи пешбарандаи ин ғоя бояд ҳамин ҳизб бошад. Ҳизб вазифаи аслиашро иҷро намуд, ҳизби пешрави ҷомеа, ҳизби пурқувват ва ҳизби ҳокими ҷомеа шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg