БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА НАЗАРРАС АСТ

ВОСЕЪ. Бахшида ба 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №61-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” вохӯрӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намоем, ки аксарияти иштирокдорони вохӯрии мазкур аз занону духтарон иборат буда, дар он масъулин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеа пешсаф бошанд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солимгардонии генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа”-ро ба тасвиб расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg