БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ НИҲОЛШИНОНӢ АМАЛӢ ГАРДИД

ШАҲРИТУЗ. Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Обшорон дар маҳаллаи Бинокор бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Идораи ҷангал” Аксияи ҳизбии “Ниҳолшинонӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ  иштирокдорон бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар сарсабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр  саҳм гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки дар маъракаи  кабудизоркунӣ  бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии “Идораи ҷангал” 480 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg