БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ВОҚЕАН ҲАМ НЕРӮИ ТАВОНОИ ҶОМЕАИ МУОСИР БА ҲИСОБ МЕРАВАД

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд низ барои муттаҳид намудани қувваҳои солиму созанда, нерӯҳои пешқадаму тавонои  ҷумҳурӣ, ватандӯстона, фарзандони бедордили миллат ва боз ҳам  боло  рафтани  обрӯву  нуфузи  Тоҷикистон  дар  арсаи бийналмилалӣ  хизмат  хоҳад  кард» Эмомалӣ  Раҳмон, Раиси муззами Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон

АНДЕША. Пеш  аз  ҳама  бояд  зикр  кард, ки   таи  солҳои соҳибистиқлолии Ватани  маҳбубамон - Тоҷикистони  азиз  аз  ҷониби  олимону сиёсатмадорони  кишвар оид ба нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими  ваҳдати  миллӣ  мақолаву  рисолаҳои илмии зиёде рӯи кор омадаанд. Маҳз  дар  мисоли  таҷрибаи  давлатдории  навини  тоҷикон  ва  раванди  ба  Истиқлолияти  давлатӣ  расидани  Тоҷикистон баъди ҳазорсолаҳо, ниҳодҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  низ  дар  кишварамон  мунтазам ташаккул ёфтаанд ва дар таъмини устувори пояҳои соҳибистиқлолии Ватанамон  саҳмгузор  ҳастанд.

Дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси талаботи  қонун  фаъолият мекунанд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар  бораи  ҳизбҳои  сиёсӣ” барои  фаъолияти  озодонаи  аҳзоб имкониятҳои  баробару  одилонаро  фароҳам  овардааст.

Мусаллам  аст, ки  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  зода  ва парвардаи  даврони  истиқлолият буда, тамоми  дастовардҳои  бузурги  халқи тоҷик  дар  роҳи  пойдор  ва  устувор намудани мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  иртиботи  қавӣ  дорад.  

Инак,  Ҳизби   Халқии  Демократии  Тоҷикистон  26  сола  шуд.

Ин  муҳлат дар ҳаёти ҳар як ҳизби сиёсӣ вақти чандон  тӯлонӣ  нест.

Мо  аз  таърихи  сиёсии ҷаҳон аҳзоберо медонем,ки садсолаҳо фаъолият доранд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳизби  мо  воқеан ҳам мисли чашмаи  мусафоест, ки  аз он садҳо  ҳазор  нафар то имрӯз  баҳравар  гардида  истодааст.

Самараи  он  пешрафти  иқтисоду сиёсат, сулҳу суботи саросарӣ, рушди  устувори  иқтисодӣ  ва  беҳдошти  сатҳи  зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Воқеан  ҳам   ҲХДТ  тӯли  бисту шаш соли мавҷудияти  худ  ва фаъолияти  густурдаю  хизмати  содиқонааш  тавонистааст, ки рисолаташро бо шоистагӣ ба манфиати  мардум иҷро намуда, миёни ҷомеаи муосир ҳамчун  нерӯи  тавонои  созанда, роҳнамои  ҷомеа, сарчашмаи  афкору ғояҳои ояндасоз шинохта шавад.

ҲХДТ  дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятиро эҷодкорона тадбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърих ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризими сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ  ва  ватанпарвариро  асоси  фаъолияташ  мешуморад.

Миёни  ҷомеа  баланд  гардидани нуфузу мартабаи ҳизб бори дигар муттаҳидӣ, ҳамҳадафу ҳаммаром будани аъзои онро бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ намудани ҳадафу мақсад вазифа ва ғояву ақидаҳои  он дар роҳи бунёди давлати ҳақиқатан ҳам соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ  ва  ягонаро  собит  сохт.

ҲХДТ, дар  шароити  кунунӣ вазифа ва ҳадафҳои асосии хешро, ҳамчун  як  нерӯи  ояндасози ҷомеа, барои вусъат бахшидани раванди ислоҳот  дар  тамоми самтҳои ҳаёти кишвар, таъмини рушди иқтисоди миллӣ, бунёди  корхонаҳои  азими  саноатӣ, таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ  ва дар  умум, баланд  бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум равона намуда,   баҳри  таъмини  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон, тақвияти  асосҳои  давлати ҳуқуқбунёд, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, муқовимат бо коррупсия, мубориза  бар  зидди  терроризму   экстремизм,  пешгирии  ғояҳои  бегона  ва  ифротгаро  миёни  занону  ҷавонон корҳои муайяну мушахассеро  роҳандозӣ   намуда,  бо мақсади тадбиқи  Барномаи   пешазинтихоботӣ  барои  солҳои  2020-2025 муҳимтарин  самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ тасдиқ гардидааст, қудумҳои устуворона хоҳад  гузошт.

Таҳти роҳбарии узви раёсат, аъзои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ, ки ҷузъи  ҷудонопазири Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  ба  шумор  меравад, бо ҷалби аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар раванди амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Раиси  муаззами ҳизб ҳар сол истифода аз  баргузории    чорабиниҳои  сиёсию   фарҳангӣ  ва  оммавӣ корҳои зиёди  инсондӯстию ватанпарварона ва созандагию бунёдкориро амалӣ  намудаанд.

Дар маҷмӯъ ҲХДТ ҳамчун як ниҳоди фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва ҳамаи аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҳамеша  омода  ҳастем,ки  барои  амалӣ  намудани  дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амнияту  осудагии  кишвар, ягонагии  миллат  ва зиндагии арзандаи сокинони  кишвар, софдилонаю  содиқона  хизмат  менамоем.

Санаи бузургу бошукӯҳи 26-умин солгарди таъсисёбии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистонро  ба ҳамаи  ҳамҳизбиён  муборакбод  менамоям, сиҳатманд  ва  сарбаланду  муваффақ  бошед!

Муҳаммаддовуд   Ҳалимов, раиси   Кумитаи   иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg