БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

КӮШОНИЁН. Дар миқёси Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли  ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 26 - солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ чорабинии сиёсиву  фарҳангӣ доир шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, сокинони миқёси Ҷамоати деҳоти мазкур  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.

Дар суҳбат масъулин оид ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, дасти ниёзмандонро гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, ба иштирокдорони чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён туҳфагузорӣ  карда шуд.

Дар оғоз ва интиҳои чорабинии мазкур Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи зинда садо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg