БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРОН НАЗАРРАС БУД

ҶАЙҲУН. Дар доираи накшаи кории маҳфили волонтёрон дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба  Рӯзи байналмиллалии волонтёрон ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима  маҳфили волонтёрон баргузор гардид.

Мавсуф аъзои маҳфилро бахшида ба Рӯзи байналмиллалии волонтёрон табрик намуда, қайд кард, ки соли 2020 бо ҳамаи мушкилотҳои худ дар хотираҳои ҷаҳониён боқӣ хоҳад монд  вале дар тӯли ин сол инсоният дарк кард, ки  волонтёрон як нерӯи бузургу тавоно дар ҳама ҳолат метавонанд хизматрасониҳои беминнати худро расонанд.

Инчунин, дар рафти баргузории маҷлиси маҳфили волонтёрон доир ба натиҷаи фаъолияти валонтёрон дар давоми соли ҷорӣ  ҳисобот доданд.

Аъзои маҳфили волонтёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, иборат аз 10 нафар буда , дар ҳар чорабиниҳои ҳизбии ноҳия иштироки фаъолона доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg