БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИСТИҚБОЛИ 26-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ВОҚЕАН ҲАМ ҶОЙИ Ӯ ДАР ПОЙГОҲИ ШАХСИЯТҲОИ СОДИҚУ ВАФОДОРИ ВАТАН ХОЛИВУ ЁДАШ ДАР ДИЛҲОСТ

АНДЕША.Амалӣ намудани мақсадҳо дар ҳар кадом сохтору ташкилоте набошад, пеш аз ҳама ба кадрҳои болаёқат, соҳибтаҷриба ва дорои тахассусу малакаи идроки моҳияти  таҳаввулоти замон, вобастагӣ дорад” аз суханҳои устоди  зиндаёд  Сафаров Сафар бузурге фармуда:- «Умри инсонро бо амалҳои накӯяш ҳисобу китоб менамоянд».

Бале, зиндагӣ ҷорист, ба ҳама талхию шириниҳош, хушбахтию бадбахтиҳош, пастиву баландиҳояш. Умри мо мегузарад, мисли  об мегузарад, мисли хоб мегузарад. Авлоде меояд, авлоде меравад.   

Рафтани  авлоде  саҳифаи  пӯшидаи  таърих аст, омадани авлоди нав саҳифаи  тозаи  бозшудаи таърих…

Мо  ҳамеша  бар  гузашта  меандешем  ва аз кору рӯзгори неки мардони арсаи меҳнат ёдовар мешавем.

Пеш аз  ҳама,  шодравон  Сафаров  Сафар  яке  аз  ҳамсафону ҳаммаслакони содиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи дохилию хориҷии Роҳбари давлат  саҳми арзандаи  худро гузоштаанду солҳои барқарорсозии сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон  донишу  таҷриба, истеъдоду  лаёқати  ташкилотчигӣ ва роҳбарии устод шодравон Сафар Ғаюрович боз ҳам хубтар зоҳир мегардиданд, ки  дар  ҳамон  рӯзҳои парешонии ҷомеа, яъне солҳои 1991-1993 хеле  зарур  ва ба маврид буданд.

Гарчанде ки беш аз се сол мешавад, ки яке аз ходимони маъруфи сиёсиву давлатии кишвар Сафаров Сафар ин дунёро падруд гуфтаанд, аммо  ҳеҷ  гоҳ  хислатҳои  неку одамгарӣ, хоксорӣ, дараҷаи баланди кордонӣ ва лаёқати роҳбарӣ дар вазифаҳои гуногуни хоҷагӣ, давлатию  сиёсӣ, инчунин  масъулияти  баланд  дар  таълиму  тарбияи  кадрҳо  ва  ғайра  сифатҳои  ин устоди зиндаёд аз хотираҳои дӯстону шогирдон  ва  ҳам ҳизбиён  фаромӯш  намешавад.

Воқеан ҳам, хислатҳои неки инсонии шодравон Сафар Ғаюровичро ҳамагон хуб ёд доранд, ки бо хоксории баланди инсондӯстона, кордониву ташкилотчигӣ, масъулиятшиносӣ  ва  дӯст  доштани  Ватан  бо ифтихор изҳор  дошта; “Халқ  нерӯи  бузург  аст. Мисли  дарё, ки  чизи нодаркориро ба  соҳил  мепартояд, сараро  аз носара ҷудо мекунад. Шахсоне ҳастанд,ки  андаке дар кӯчаи сиёсатмадорӣ гом бардошта ё худ вазифаеро саҳиб гашта худро нисбати дигарон дар зинаҳои боло эҳсос мекунанд. Одам  чӣ  қадар  дар  мансабу  вазифа  боло  равад, ҳамон дараҷа бояд оддию хоксор бошад” 

Ҳамкорони собиқ, шогирдон то ҳол  ӯро чун роҳбари донову ташаббускор  ва  дорои  масъулияти  баланд, рафиқи  меҳрубон, пуштибону   ғамхор, вале  нисбати  худу  ҳамкорон  серталаб  баҳогузорӣ  менамоянд.

Ӯ ҳамеша дар дилу дида ва хотири наздикон, дӯстону ҳамкорон ва шогирдони содиқаш дар саросари Ватан ва берун аз он абадан зинда асту ҷойи  ӯ  дар  пойгоҳи  шахсиятҳои  содиқу  вафодори  Ватан  холиву  ёдаш дар дилҳост.

Ёдашон  ба хайру манзили охираташон ободу пурнур  ва  ҷояшон  ҷаннат  бошад.

Муҳаммаддовуд   Ҳалимов, раиси   Кумитаи   иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg