БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

БОХТАР. Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ҷамъомади мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” Ҳамзаев Аловуддин, кормандони бозори мазкур, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.

Нахуст, Иброҳимзода Неъматулло ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати 26 -солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҲХДТ ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пирӯзу пешоҳанг буда, мунтазам барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати Тоҷикистон чораҳои амалӣ меандешад.

Сипас, Ҳамзаев Аловуддин доир ба мавқе ва ҷойгоҳи имрӯзаи ҲХДТ ибрози назар карда, таъкид дошт, ки имрӯз идеяи меҳварии ҲХДТ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатдорӣ буда, дар ин самт собитқадамона ва устуворона пешрафта истодааст.

Дар интиҳои чорабинӣ фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар барои  саҳми арзанда гузоштанашон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ба чанд нафар аз кормандони ҶДММ “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” шаҳоданомаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg