БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ НАҶИБИ ҲИЗБИЁН

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аксияи ҳизбии “Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” бо иштироки зиёди сокинони маҳал баргузор гардида истодааст. Дар доираи ин иқдом ҳашарчиён бо шинонидани ниҳолҳои зиёди дарахтони ҳамешасабз ва ташаббуси дигар бунёдкориҳо дар ободӣ ва зебогии маҳал саҳм муассир гузошта истодаанд.

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон низ аксияи ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” бо иштироки зиёди сокинон баргузор шуд ва дар он Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Аҳмадзода Илҳом – раиси ноҳияи мазкур ҳузур доштанд. Дар доираи ин ташаббус волонтёрони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур, сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Сомониён сарҷамъона дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Бохтар дарахтони ҳамешасабз шинонида, бадин васила дар ободии маҳал саҳм гузоштанд. Масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур мақсад доранд, ки чунин чорабиниҳоро дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия амалӣ намуда, дар зебогии  маҳал нақши муассир гузоранд.

Аксияи ҳизбии “Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мароми хоса идома дошта, итминон аст, ки натиҷаҳои арзишманд ва судмандеро ба бор хоҳад гузошт.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg