БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРОН САМАРАБАХШ БУД

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии волонтёрон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва аъзои маҳфили волонтёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан” семинар-машварат доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ аз фаъолияти яксолаи маҳфил натиҷагирӣ карда шуда, аъзои маҳфил баҳри ба роҳ мондани фаъолияти боз ҳам неку самарабахш байни ҳам машварат намуданд. Дар рафти чорабинӣ масъулин  қайд намуданд, ки иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар раванди таҳким бахшидан ба фаъолияти волонтёрӣ воқеан рӯйдоди муҳим дар ҷалби ҷавонону наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ ва муҳимтар аз ҳама дар тарбияи ватандӯстию худшиносӣ ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни онҳо ба шумор рафта, дар ин  самт таҳаввулоти бузургро ба миён овард.

Имрӯзҳо аъзои маҳфили волонтёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ки 23 нафарро ташкил медиҳанд, фаъолияти назаррас дошта, бо истифода аз имкониятҳои дастдошта  талош доранд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа саҳми худро гузоранд.

Дар охир дар байни аъзои маҳфил мусобиқаи варзишии шҳавқовари бозиҳои рӯимизӣ доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg